Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маъмурияти МОИ “Суғд”: соли гузашта COVID-19-и ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод кард

Маъмурияти МОИ “Суғд” таъкид дошт, ки соли ҷорӣ ба масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои нав таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, корбарӣ дар ин самт боз ҳам мустаҳкамтар карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи расмии минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Суғд, айни замон Маъмурияти МОИ "Суғд" бо якчанд довталабон гуфтушуниди пешакӣ доир ба таъсиси корхонаҳо дорад, ки сирояти COVID-19-и соли гузашта ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод намуд.
Зикр шудааст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар субъектҳои навтаъсис ва ободонии ҳудуди МОИ идома дорад.
“Ифтитоҳи расмии якчанд иқтидорҳои истеҳсолӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишвар пешбинӣ шудааст, ки оғози фаъолияти онҳо ба тавсеаи нишондиҳандаҳои умумии фаъолияти МОИ, бо назардошти ташкили ҷойҳои навӣ корӣ, такони ҷиддӣ мебахшад”, - таъкид доштааст роҳбари Маъмурият Камолиддинзода Илёссиддин.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар соли 2020, новобаста аз пандемияи сирояти COVID-19 нишондиҳандаҳои фаъолияти истеҳсолии субъектҳои МОИ “Суғд” тамоюли рушд дошданд.
Истеҳсоли фулузпораи рехта дар МОИ “Суғд” бо сармоягузории Узбакистон
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар соли 2020 169,8 млн сомониро ташкил дод. Дар қиёс ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 167,5 миллион сомонӣ баробар шуда буд.
Ҳамзамон мабаъ зикр кардааст, ки дар ин давра ҳаҷми содирот ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ низ дар қатори истеҳсолот афзуданд.