ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дастаи фуболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё – AFC - 2021 рӯзи 11 апрел вориди шаҳри Риёз шуданд.
Тибқи иттилои сомонаи телевизиони “Варзиш”, президенти “Истиқлол”, Шоҳрух Саидзода қабл аз сафар бо даста мулоқот кард, дар мусобиқаи бонуфузи Лигаи чемпионҳои Осиё муваффақият таманно намуд.
Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё, ки рӯзҳои 14-30 апрели 2021 дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ, “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, “Ал-Ғарофа”-и Қатар ва “АГМК”-и Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.
“Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар ҳайати дарвозабонҳо - Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов, Сафармад Ғаффоров, муҳофизатгарон - Аҳтам Назаров, Алексей Ларин (Украина), Манучеҳр Сафаров, Андрей Мишенко (Украина), Зоир Ҷурабоев, Ромиши Насрулло, Ваҳдат Ҳанонов дар ин сафар қарор дорад.
Дар ҳайати ниммуҳофизатгарон – Шаҳром Сулаймонов, Шарифбек Раҳматов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Хуршед-Тимур Ҷураев, Рёта Нома (Ҷопон), Нуриддин Давронов, Алишер Ҷалилов ва ҳамлаварон – Рустам Соиров, Салам Ашурмамадов, Ҳусейн Доган (Ҳолланд), Манучеҳр Ҷалилов ҷой гирифтанд.