ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Чемпионати Осиё дар риштаи куштӣ аз 13 то 18 апрел бо иштироки 315 варзишгар аз 23 давлати қора сурат мегирад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар дар ду равия – гуштини озод ва гуштини юнонӣ-римӣ – ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё номнавис шудаанд, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Таъкид шудааст, ки Чемпионат бо қувваозмоиҳо дар равияи куштии юнонӣ-римӣ, 13-14 апрел баргузор мегардад. Аз 15 то 16 апрел куштии бонувон ва 17-18 апрел мусобиқоти куштии озод дар назар аст.
Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё-2021 дар риштаи куштии озод - Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Мустафо Ахмедов, Саидасан Ашрафхонов, Ғуломҷон Шарипов, Баҳодур Қодиров ва Искандар Рустам намояндагӣ мекунанд.
Дар куштии юнонӣ-римӣ дар вазни 50 кило – Асламҷон Азизов, 60 кило – Фирӯз Мирзораҷабов, 67 кило – Шероз Очилов, 72 кило – Муслиҳиддин Уроқов, 77 кило – Далер Ризозода, 87 кило – Тоҳирҷон Охунов, 97 кило – Амирҷон Ҷураев зӯрозмоӣ мекунанд.