Аҳмадзода барои занони ҳунарманду эҷодкор 60 грант ҷудо кардааст

Раиси вилояти Суғд ба занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор грант медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, инкишофи ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ва бо кор таъмин намудани занону духтарон 60 гранти раиси вилояти Суғд таъсис ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Иттилоъ дода шудааст, ки маблағи ҳарсолаи ин грантҳо 420 ҳазор сомонӣ буда, муҳлати лоиҳа аз соли 2021 то соли 2025 - ро дар бар мегирад.
Гуфта шудааст, ки дар ин бора қарори раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расид.
Завқизода гуфт соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар қарзу грант ҷалб шудааст
Грантҳо ба занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои онҳо дар озмун ғолиб меоянд, дода мешавад.
“Онҳое, ки барои дарёфти грант лоиҳа пешниҳод менамоянд, бояд ду соли охир дар маҳали амалишавии он ҳамчун истиқоматкунанда ба қайд гирифта шуда бошанд. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳа камаш шаш моҳ буда, дар сурати аз худ накардани маблағҳои ҷудошуда амали он боздошта мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.