ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Ин ҳодисаи мудҳиш шоми дирӯз 11 апрел дар ноҳияи Спитамен рух додааст ва онро мақомоти милитсия низ ба қайд гирифтааст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин иттилоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавоне, ки дар пайи таъмири барқ ба ҳалокат расидааст, сокини ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен будааст.
“Соати 18: 10 дақиқа дар назди ҳавлии истиқоматиаш худсарона ба симчӯби барқӣ барои таъмир баромада, аз беэҳтиётии худ аз зарбаи шиддати қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - гуфт Шарифӣ.
Бино ба иттилои манобеъ аз ноҳияи Спитамен ҷавоне, ки аз зарбаи барқ ҷон супурд Сафаров Юсуф, будааст.
“Марҳум ҳамагӣ 23 сол дошт ва ҳанӯз муҷаррад буд”, гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи САҲШ вилояти Суғд, давоми даҳ моҳи соли 2020, 10 ҳазору 537 ҳолати фавти сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли қаблӣ 1294 маврид, ё 11, 2 % бештар будааст.