ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Занозанӣ дар назди як маркази савдо “Пик” дар кӯчаи Ефимов сурат гирифтааст, иттилоъ додааст РИА "Новости" дар истинод ба хадамоти матбуоти ВКД шаҳри Санкт-Петербурги Русия.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса, кормандони пулис патронҳо ва тирҳои резиниро пайдо ва мусодира карданд, аммо пулис нафароне, ки дар ин муноқиша иштирок доштан дар лаҳзаҳои аввал дастгир карда натавонистааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки баъд аз чанд соат ба идораи пулис аз беморхона паёми телефонӣ расид, ки ҷавоне соли таваллудаш 1995 бо захмҳои гуногун ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардааст.
"Рӯзи 10 апрел даҳ шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва яке ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ, ки синашон аз 16-32 соларо ташкил медод, аз сӯи пулиси шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуданд. Онҳо ба идораи пули барои муайян намудани даст доштани онҳо дар ин муноқиша интиқол дода шуданд. Яке аз боздоштшудагон дар беморхона бистарӣ шудааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Гуфта шудааст, ки пулис аз рӯи моддаи "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар натиҷа, полис даҳ нафарро боздошт кардааст. Миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони ҷумҳурии Чеченистон мебошанд
Полис алакай барои авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Чаҳор нафар аз боздоштшудагон ба хотири ба ҳабси пешакӣ гирифтан ба додгоҳ интиқол ёфтанд. Қисми боқимондаи боздоштшудагон озод карда шуданд.