ДУШАНБЕ, 11 апрел - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, худи вазир Амонзода Ширин Шодӣ шахсан аз ҷараёни сохтмони ин иншоот дидан кардааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷҷети давлатӣ дар самти сохтмон барои сохторҳои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки зимни боздид маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, дар он утоқҳои барҳаво, имконият барои омӯзиши касбу ҳунар, омӯзиш барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда мешавад.
“Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур шуъбаву бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, хадамоти муҳоҷират, маркази таълимии калонсолон ва дигар сохторҳои марбутаи вазорат фаъолияташонро идома медиҳанд”, - зикр кардааст дафтари матбуоти Вазорат.
Инчунин, иттилоъ дода шудааст, ки барои рушди ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ дар бинои мазкур курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ роҳандозӣ мегардад.
Зикр шудааст, ки сохтмони бинои мазкур дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди ба истифода дода мешавад.