Шарҳи низоми ҳаракати ҳизбӣ: мақомоти ҲХДТ барои як ҳафта ба вилояти Хатлон сафар карданд

Давоми як ҳафтаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо мақсади ба мардум расонидани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар додааст, аснои сафар дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллу деҳот” бо раисони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилоти ибтидоии шаҳру ноҳияҳо машварат доир намуд.
Дар он ба иштирокдорон усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, бахусус тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ фаҳмонида шуданд.
Ҳамчунин барои ташкил ва иштироки фаъолона дар аксияҳои ҳизбӣ ва дастгирии ниёзмандону маъюбон ибрози назар карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ним миллион аъзо ва тавоноии ҲХДТ гуфту ҳамҳизбиёнашро табрик кард
Зикр шуд, ки аёдати шахсони ниёзманд ва маъюб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон дар баргузории аксияҳои ободонӣ иштирок карда, бо раванди созандагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳру ноҳия аз наздик шинос гаштанд.