ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҷайҳун Байрамов ахиран эълон кард, ки унвони асир ба боздоштшудагони торихи сулҳномаи сеҷониба дар 10 ноябри 2020 марбут мешавад ва боздоштшудагон пас аз ин сулҳнома террорист ҳастанд ва асир ба ҳисоб намеоянд, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва Симои Эрон.
Вай афзуд, ки низомиёни боқимонда дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон пас аз имзои тавофуқи оташбаси сеҷониба дар 26 ноябри 2020 дар минтақа дастгир шудаанд ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин афрод ташкил шудааст.
“Бинобарин бо тавваҷуҳ ба поёни ҷанг ин афрод на асири ҷангӣ балки ҷинояткор ба шумор меоянд”, - гуфт вазир.
Вазири умӯри хориҷаи ҷумҳӯрии Озарбойҷон ёдовар шуд, ки ин кишвар то кунун беш аз 70 асири ҷангиро ба Арманистон таҳвил дода ва дар муқобил Арманистон низ 12 асири озарбойҷониро ба мо баргардонида аст.
Рӯзи гузашта ҳавопаймое аз Арманистон барои интиқоли низомиёни худ вориди фурӯдгоҳи Боку шуда буд, аммо бидуни ин низомиён ба Ереван бозгашт.