Садамаи пурқурбонӣ дар деҳаи Суғдиён: нақли шоҳидон

Шоми рӯзи якшанбеи 11 апрел дар масири Душанбе – Ваҳдат садамаи пурқурбонӣ рух додааст, ки бар асоси иттилои пешакӣ то 5 - 6 қурбониро барҷой гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Садамаи мудҳиш баъди соати 21:00-и рӯзи якшанбе 11 апрел дар наздикии деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат рух додааст.
Шоҳидон мегӯянд, садамаи мудҳиш бар асари бархӯрди мошини боркаши Камаз ва Опел рух додааст. Шоҳидон теъдоди қурбониёнро 6 нафар мегӯянд, аммо мақомот расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки миёни ҳалокшудагон 4 мард 1 зан ва як кӯдак низ будааст.
Садама дар Ваҳдату ноҳияи Турсунзода ду кушта бар ҷой гузошт
Шоҳидон мегӯянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ феълан дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол садамаро шарҳ надода, иттилои дақиқ дар бораи омилону қурбониёнаш ироа нашудааст.
Дар сурати дастрас шудани иттилои бештар дар ин сафҳа нашр хоҳад шуд.