Афзоиши шумори мубталоён ба вируси корона дар Арабистони Саудӣ

Мақомоти Арабистони Саудӣ аз афзоиши шумори мубталоён ба вируси корона хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ аз афзоиши шумори мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Вазорати беҳдошти Арабистон эълом кард, тайи шабонарӯзи гузашта 878 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар кишвар шиносоӣ шудааст, ки бо эҳтисоби мавориди ҷадид, шумори мубталоён ба ин вирус дар Арабистони Саудӣ ба 397 ҳазору 636 нафар расидааст.
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Арабистони , тайи иӣн муддат 10 нафари дигар бар асари вируси корона фавт кардаанд, ки шумори фавтиҳои ношӣ аз корона низ ба 6 ҳазору 733 нафар дар ин кишвар мерасад.
Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони 20 кишварро муваққатан манъ кард
Вазорати беҳдошти саъудӣ дар ин гузориш аз вахим будани ҳоли 2 ҳазору 960 коронаӣ дар ин кишвар ҳам хабар дод.
Ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷро барои эмшудаҳо аз COVID-19 иҷозат дод
Дар Арабистони Саудӣ, ба зоироне, ки аз коронавирус эм карда шудаанд, иҷозат дода мешавад, ки дар моҳи Рамазон ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунанд, менависад AlArabiya.
Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷро барои эмшудаҳо аз COVID-19 иҷозат дод
Тибқи маълумоти нав, ҳоҷӣ бояд ду вояи ваксинаи COVID-19 - ро бигирад, сипас барои зиёрати умра ҳуҷҷатҳояшро барои зиёрати ҷойҳои муқаддас ба умури Макка пешниҳод кунад ва сипас дар замимаҳои махсус сабти ном шавад.
"Дар замимаи мобилӣ, ҳоҷӣ бояд соати фармоишӣ барои намоз ва зиёрати ҷойҳои муқаддасро "банд кунад ", - омадааст дар хабар.
Бар асоси ин қарор ҳамзамон зоирини тоҷик, ки аз коронавирус эм гирифтаанд, метавонанд ба сафари Ҳаҷҷи умра бароянд.
Харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи солҳои пеш 20,5 ҳазор сомонӣ, ё муодили ба 2 ҳазор доллари амрикоӣ ҳисоб мешуд. Аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, ҳоло сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.