Супориши Сатториён ба масъулин: аввал барои муҳоҷирон шароит фароҳам кунеду баъд кӯчонед

Дар Душанбе масъалаи кӯчонидани сокнони шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Дар хадамоти муҳоҷират, таҳти раёсати муовини сарвазир Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа масъалаи аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии Роғун кўчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод баррасӣ шудааст, хабар медиҳад Вазорати меҳнат ва муҳоҷират.
Шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия муайян шуд
Муовини сарвазир Матлубахон Сатториён аз масъулини вазорату идораҳо даъват кардааст, ки зимни кӯчонидани аҳолӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар барои фароҳам овардани шароити арзанда, нахуст, барои сокинони муҳоҷир инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шавад.

"Барои интиқоли аҳолӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар комиссияҳои маҳаллӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо таъсис дода шуда, тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоҷиратро ба таври дақиқ омӯхта, пасон ба масъулини вазорату идораҳо ирсол карда шавад", - гуфтааст ӯ.

Ба вазорату идораҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, нақлиёт, меҳнат, молия, супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, фароҳам ва бунёди инфрасохтори зарурӣ, инчунин ташкил ва навсозии иншооти гуногуни иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд.
Дар баробари ин, барои мутобиқшавии муҳоҷирон дар якҷоягӣ бо кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳои судманд роҳандозӣ карда шаванд.
Раҳмон гуфт, 1 млн ҷои кор ташкилу муҳоҷират 60% кам шуд: ҳушдорҳои наврӯзии 2021 - видео
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон супориш дода шуд, ки ҷиҳати интиқол, ҷобаҷогузорӣ, фароҳамоварӣ ва сохтмони ифрасохтори зарурӣ барои муҳоҷирони дохилӣ шароит ва имконияти мусоид фароҳам оваранд.
Манбаъ афзуда, ки дар кори ҷаласа вазири меҳнат Ширин Амонзода (муовини раиси Комиссия), сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президент Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода, сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президент (котиби масъули Комиссия) Хушвахт Сафарзода, муовинони вазири адлия, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ ширкат кардаву сухан гуфтаанд.