Дар Тоҷикистон бо 350 миллион доллар роҳҳоро бозсозӣ мекунанд

Дар шарқи Тоҷикистон як роҳ бозсозӣ ва ду пул ва як нақб сохта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар доираи таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, сохтани ду нақби нақлиёти автомобилӣ ва ду пул ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони иншоот аз ҳисоби чор муассисаи байналмилалии молиявӣ сурат мегирад, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дарозии нақбҳо барои нақлиёт 3,3 километр ва дарозии пулҳо 750 метр хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи лоиҳа 75 километр роҳ, инчунин якчанд пулҳо ва нақбҳо сохта мешаванд. Таҷдид то соли 2025 ба итмом мерасад.
Зимни азнавсозии роҳи Кӯлоб-Мӯъминобод 6 пул таҷдиду азнавсозӣ мегардад
Бояд қайд кард, ки роҳи мавҷуда дар минтақаи зериобмонандаи обанбори НБО Роғун ҷойгир аст.
Ба гуфтаи мутахассисон, татбиқи ин лоиҳаро пеш аз пур шудани обанбор ба анҷом расонидан лозим аст.
Тибқи иттилои Вазорати молия, лоиҳа 350 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллионаш грантҳо мебошанд.
Лоиҳа аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Осиёгии Инфраструктураи Инфрект ва Фонди ОПЕК маблағгузорӣ мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ ҳудуди 28 миллион долларр ихтисос хоҳанд дод.