ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бар асоси натиҷаҳои онлайнии мусобиқоти осиёӣ дар Алмато, паҳлавони тоҷик дар як қадами дигар то гирифтани роҳхати олимпӣ қарор дошт, аммо аз рақиби чинияш шикаст хӯрд. Бо вуҷуди ин Мирзораҷабов дар сабқат барои мақоми сеюм пирӯз шуда, медали биринҷӣ гирифт.
Фирӯз Мирзораҷабов дар марҳилаи чорякниҳоӣ паҳлавон аз Муғулистон – Даваабанди Мунх Ерденеро бо ҳисоби 9:0 шикаст дода, дар марҳилаи баъдӣ бо паҳлавони чинӣ – Сайлике Валиҳан зӯрозмоӣ намуд.
Аммо дар ин рақобат паҳлавони тоҷикистонӣ бо натиҷаи 10:0 шикаст хӯрду минбаъд барои медали биринҷӣ талош кард ва муваффақ шуд.
Дар зӯрозмоӣ барои нишони биринҷӣ, паҳлавони Тоҷикистон бо намояндаи Кувайт, Муҳаммад Алаҷмӣ бо натиҷаи 4:2 майдондорӣ намуда, пирӯз шуд. Бо вуҷуди ин, шикаст аз паҳлавони чинӣ боис шуд, ки варзишгари ҷавони тоҷик роҳхати олимпиро аз даст дод.
Дар сабқати ниҳоӣ дар ин вазн Салике Валиҳани чинӣ ва Жоламан Шаршинбекови қирғизистонӣ майдондорӣ намуданд, ки бо ҳисоби 3 – 4 бар фоидаи паҳлавони қирғиз анҷом ёфт. Роҳхатҳои олимпӣ дар ин вазнро низ ин ду паҳлавон ба даст оварданд.