Шоира дар бораи қабристонравӣ дар шаб, қасди таҷовуз ва шавҳаре, ки зан дошт - видео

Шоира Раҳимҷон, шоир ва рӯзноманигори номии тоҷик аз рӯйи чанд асрораш парда бардошт ва ногуфтаҳояшро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Шоир дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исо аз ҳиҷрони модари марҳумаш, қасди таҷовузи як марди хонасоз ва падари чаҳор фарзандаш гуфтааст.
Шоира Раҳимҷон соли гузашта модарашро дар пайи бемории коронавирус аз даст дода буд. Ӯ дар мусоҳиба мегӯяд, ҳиҷрони модараш чунон дардовар буд, ки шабона ӯро сӯи қабристон мебурд.
"Ҳолате шудааст, ки ман соати яки шаб ба дӯстам занг задаам, ки ман мехоҳам ба сари манзили модарам равам, тоқат надорам ва омадааст маро соати яки шаб ба қабристон бурдааст", - нақл мекунад вай.
Ҳамчунин дар ин барнома бори нахуст баъди ду сол Шоира аз қасди таҷовузи як марди хонасоз гуфтааст, ки дар вақташ ҳатто ба мақомот муроҷиат накарда буд.
Ба қавли бону, ин ҳодиса замоне рух дод, ки мехост аз марказ хона харад.
Шоира мегӯяд, ки бо як дугонааш онҳо бо соҳибкори хонасоз барои баррасии масъалаи хона ба як қаҳвахона ворид шуданд ва дар ҳамон ҷо ин мард, ки номашро ифшо накардааст, ба вай дарафтод.
"Вай барои даҳ дақиқа ба берун баромад ва баъди баргаштан одами куллан дигар шуда буд. Як нафари ваҳшӣ менамуд. Чун омад дарафтод ба ман. Аввалин коре, ки кард жемпири маро кашид ва баъдан ба ман дарафтод ва мехост, ки амалҳои ноҷавонмардона анҷом диҳад", - идома медиҳад шоир.
Ӯ меафзояд, ки бо дугонааш, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, қариб як соат бо он мард даст ба гиребон шуданд ва дар анҷом аз чанголи ӯ раҳо ёфтанд.
Ғарқшавии Гулбаҳор: чаро ӯ ва Сулаймонро Муқимҷон ба об тела дод? - видео
Орзу Исоев дар идома аз шоир пурсон шудааст, ки "чигуна тавонист дар як ҷомеаи суннатӣ қолабшиканӣ кунад ва чаҳор фарзандашро танҳо ба воя расонад".
Шоир дар ин ҷо аз падари чаҳор фарзандонаш гуфтааст, ки дар "зиндагиаш як марди тасодуфӣ буд ва ҳеҷ натавонист бо ӯ созиш кунад".
Шоира меафзояд, ки собиқ шавҳараш дар Русия кор мекард ва дар се сол як маротиба ба Тоҷикистон бармегашту дар як ҳафта боз ба Русия бармегашт.
"Дар баробари ин бо ман муносибати хуб надошт", меафзояд зан.
"Ҳар касе ки аз Русия меомад, ман пурсон мешудам, ки сабаби ин муносибати вайро бо ман дар чӣ мебинанд. Боре бародараш гуфт, ки ӯ зани рус дорад", - нақл мекунад бону.
Ӯ мегӯяд, бо ҳамин аз шавҳараш ҷудо шуд.
Як миллион қарзи Наимҷони Саидалӣ ва зӯргӯияш нисбати писархонд: шарҳи овозхон – видео
Ҳамчунин Шоира Раҳимҷон аз шеъре гуфтааст, ки дар ҳиҷорони модараш навишту то ҳол бо оҳанги омодашуда "хоб" аст.
Вай афзуд, ин шеърро ба ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова пешниҳод намуд, ки сарояд, аммо аз вай ҷавоби рад гирифт.
"Вақте ба модари ҳамаи мо, сарояндаҳо Сурайё Қосимова пешниҳод кардам, як гап гуфт дилам дар замин зад. Гуфт, ин шеърат ин қадар баланд аст, онро ба касе надеҳ. Вақте ки ман аз дунё мегузарам, бигзор ки Шабнам бихонад. Ман гуфтам, Худо накунад ва ин суруд ба мо ҳоло ба кор наояд", - мегӯяд шоир.
Шоираи Раҳимҷон соли 1977 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.
Нахустин дафтари шеъраш бо номи "Нахустин номаҳои дард” соли 2003 ба табъ расида, китоби дуюмаш бо номи "Вопасин номаҳои дард” соли 2013 нашр шуд.
Шоираи Раҳимҷон чанд сол пеш дар пайи ихроҷи як гуруҳи адибон аз Иттифоқи нависандагон ихтиёран тарки ин созмони эҷодӣ кард ва ҳоло маркази продюсерии "Шоира”-ро дар назди нашрияи "СССР” роҳбарӣ мекунад.
Шоираи Раҳимҷон таронаву мусиқӣ низ эҷод мекунад ва барои ҳунарпешаҳои машҳури тоҷик даҳҳо тарона навиштааст.