Эмомалӣ Раҳмон: Ворух иваз намешавад ва нахоҳад шуд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар гуфт, ки Ворух иваз намешавад ва нахоҳад шуд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар Ворух ҳузур дорад, иттилоъ дода гуфт, раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро ҳамин ҳоло зимни мулоқот бо сокинони Ворухи Исфара изҳор дошт.

“ Дар 19 соли музокирот (бо Қиризистон - аз идора) масъалаи иваз кардани Ворух вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон
раисиҷумҳури Тоҷикистон
Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
"Ман аз шумо даъват мекунам, ки бо ҳамсояҳои қирғизи худ дӯстона зиндагӣ кунед",- гуфтааст, раисиҷумҳури кишвар.
Ба гуфтаи президент, ҳалли масоили марзӣ суоли бисёр мушкил буда, барои ҳалли он вақт ва талоши зиёд лозим аст, ки он бо эҳсосот ҳал намешавад.
Деҳаи Ворух дар харитаи ҶШС Тоҷикистон/ муосири Тоҷикистон
Раисиҷумҳур гуфтааст, ки Тоҷикистон қатъӣ гуфтушунидҳоро барои ҳалли масоили марзӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ҷонибдорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар пайи сарусадоҳои ахир оид ба ҳаводиси марзӣ рост омад.
Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод
Дар нишасти ахири намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон Қамчинбек Тошиев, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти он кишвар пешниҳод кардааст, ки Ворух ба қисме аз Ботканд иваз карда шавад, ки вокунишҳои зиёдеро дар пайи дошт.
Дар Тоҷикистон ба ин пешниҳод расман посух нагуфтанд, аммо собиқ мансабдорону зиёиён аз ин пешниҳод сахт бархурд карданд.
Аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
“На бояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.
Ҳамрохон Зарифӣ
собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марз байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.