Шарҳи Кремл дар бораи нашри иттилоъ оид ба даромади Рамазон Қодиров

Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Кремл маълумоти расмӣ ва натиҷаҳои санҷишҳои хадамоти махсус оид ба масъалаи даромади сарвари Чеченистон Рамозон Қодировро ба назар мегирад, гуфт котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков.
"Тафтишот як чиз аст, аммо эъломия чизи дигар. Ҳама сарони минтақаҳо эъломияҳоро пур мекунанд ва пешниҳод мекунанд, пас онро идораҳои дахлдор месанҷанд. Дар ҳолати зарурӣ санҷиши дақиқтаре гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар ин ҳолат, мо ба маълумоти расмӣ ва натиҷаҳои расмии санҷишҳои хадамоти махсус дар ин самт диққат медиҳем", - гуфт Песков дар посух ба савол дар робита ба "тафтишот"-и баъзе расонаҳо дар робита ба амволи раҳбари Чеченистон.
Рамазон Қодиров метавонад ҷоизаи Нобел гирад
Ба гуфтаи сухангӯи Кремл "маълумоти мустақиме, ки аз ҷониби воҳидҳои дахлдори мубориза бо коррупсия тафтиш карда мешаванд, хеле эътимодноктаранд, нисбат ба маълумоти дар ВАО нишондодашуда".
Ба суоли ин ки оё дар ин ҳолат барои тафтиши дақиқтаре ҳолате ҳаст, Песков посухи манфӣ дод.
"Барои санҷишҳои иловагӣ ҳеҷ сабабе вуҷуд надорад, зеро ҳама маълумоте, ки роҳбарони минтақаҳо, мансабдорони давлатӣ эълон мекунанд, онҳо аллакай ба таври мукаммал тафтиш карда мешаванд ва ин ҳар сол анҷом дода мешавад", - гуфт ӯ.
Дмитрий Песков
котиби матбуоти президенти Русия
Номбурда гуфт, мо пеш аз ҳама ба натиҷаи санҷишҳои расмӣ, ки шӯъбаҳои мубориза бо фасоди мо анҷом медиҳанд, диққат медиҳем, таъкид кард Песков, дар посух ба суоли, оё маълумоте, ки дар ВАО нашр мешавад, бо маълумоти эъломшуда мувофиқат мекунад ё на.
Вай таъкид кард, ки воҳидҳои мубориза бо фасод "аз манбаъҳои аввалия, ҳама гуна амволи шахс, дороиҳои бонкии ӯ, фаъолияти сармоягузорӣ ва амсоли инҳо, амволи ғайриманқул, ин ҳамаро бодиққат тафтиш карда мешаванд".
Ба гуфтаи Песков, ин бахшҳо вазифаҳои худро ба таври кофӣ иҷро мекунанд.