ДУШАНБЕ, 8 апрел - Sputnik. "Иттиҳоди занони православӣ" -и Русия ба Кумитаи тафтишотии кишвар дархост фиристодаанд, то суруди Манижа Сангин "Зани рус" - ро барои нақзи қонун баррасӣ кунанд.
Наталя Дмитриевская, раиси бахши минтақавии Иттиҳоди занони православӣ дар Маскав ба Teleprogramma.pro гуфт, чаро суруди Манижа диққати онҳоро ҷалб кард.
Намояндаи созмони Русия гуфтааст, ки суруди Russian Woman, ки барои Евровидение - 2021 пешниҳод шудааст, ибораҳои таҳқиромезро дар бар мегирад.
Вай афзуд, ки нишон додани ин, бавижа дар Аврупо, "чандон хуб нест".
Манижа дар суруди худ сатри "Синну солатон аллакай аз 30 гузашт, салом, канӣ кӯдакон?" -ро месарояд.
"Ин мушкилоти на танҳо занони Русия, балки занони тамоми ҷаҳон аст. Ин боиси таассуф аст ва наметавонад мавриди ситоиши як зани нерӯманд бошад. Вақте, ки зан аз 30-сола боло аст, аммо шавҳар накардааст ва фарзанд надорад, ин аламовар аст. Ин чӣ хубӣ дорад? " - гуфт, Дмитриевская.
Намояндаи Иттиҳоди занони православӣ либоси сарояндаи зодаи Тоҷикистонро низ ба баҳс кашида, онро аҷиб хонд. Гарчанде ки пироҳани Манижа дар Евровидение - 2021, ба фарқ аз суруд, дигар хорҳад буд.