Марди қазоқе ҳамсарашро ба хадамоти зидди фасод "супурд": метавонад мукофот гирад

Мард аз ҳамсараш талаб кард, ки ба полис муроҷиат кунад ва гуноҳашро ба гардан гирад, аммо ӯ рад кард. Сипас мард бар зидди ҳамсараш изҳорот навиштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Як сокини Қазоқистон аз болои ҳамсараш ба Агентии мубориза бо коррупсия изҳорот навиштааст, вай метавонад барои ин ҷоиза гирад, менависад Sputnik Қазоқистон.
Ба иттилои манбаъ, як сокини шаҳри Талғар гумонбар аз ҳамсараш буд, ки дар ғайриқонунӣ нақдина кардани пул дар яке аз мактабҳои Алмаато кумак кардааст. Чор сол пеш, зану шавҳар соҳиби фарзанд шуданд ва ҳамсар ба рухсатии ҳомиладорӣ баромад, аммо пул ба суратҳисоби ӯ чун пешина ворид мешуд, гарчанде ки модари ҷавон кор намекард.
"Ҳамсари ман бо кормандон, яъне муҳосиб ва директор, гап як кардаанд, ки пул ба суратҳисобаш гузаронида мешавад. Вай гӯё кор мекард ва аз ин рӯ маош мегирифт. Ва корти худро ба ҳамкоронаш додааст", - гуфт як сокини Талгар.
Вай гумон дошт, ки тавассути занаш, муҳосиб ва маъмурияти мактаб ғайриқонунӣ пулро нақд кардаанд.
Аввалан, сарвари оила ҳамсарашро маҷбур кард, ки аз аз ин кораш даст кашад ва сипас комилан талаб кард, ки ба полис муроҷиат карда, иқрор шаванд.
Ба гуфтаи мард, ҳамсараш рад кард ва худи ӯ бо тавсифи муфассали қонуншиканиҳо изҳорот навишт.
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Оҷонсии зидди фасод барои 13 мансаби холӣ коргар меҷӯяд: маош аз 670 то 1300 сомонӣ
Муовини аввали раиси Хадамоти мубориза бо коррупсияи кишвар Олжас Бектенов гуфт, ки дар сурати тасдиқи далели фасод мард метавонад мукофот гирад.
"Агар шахс барои мукофот муроҷиат кунад, пас ҳа, он баррасӣ карда мешавад. Аммо ҳоло дар ин бора сӯҳбат кардан барвақт аст, пеш аз сабти ном дар феҳристи ягона санҷиш идома дорад ", - гуфт Бектенов.
Дар Қазоқистон, ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳои ҷудогонаи шикояти шаҳрвандон аз хешовандони худ ҷой доранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳанӯз тасдиқ нашудааст ва парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Дар Ӯзбекистон барои маълумот дар бораи порагирӣ мукофотпулӣ таъсис доданд
Ҳавасмандгардонӣ барои қазоқистониҳо, ки дар бораи ҳолатҳои коррупсия хабар додаанд, вобаста аз категорияи ҷиноят муқаррар карда мешавад.
Барои хабар додани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 87.510 танга (205 доллар), барои маълумот дар бораи ҷиноятҳои сабук 116 680 танга (274 доллар), барои ҳолати миёна - 204 190 (480 доллар) ва 291 700 танга (685 доллар) барои маълумот дар бораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муқаррар шудааст.