Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст

Баъди 5 моҳи танаффус: парвандаи Ҳувайдо ҷараён мегирад

Парвандаи куштори Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг пас аз 5 моҳи таваққуф дубора ҷараён мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Фардо 9 апрел баррасии додгоҳии парвандаи пурсарусадои куштори Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик дар Русия баргузор мешавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон падари кӯдак, Абдусалом Саидов хабар дод.
"Танҳо хабар доданд, ки 9 апрел мурофиаи судӣ таъин кардаанд. Феълан, маълумоти иловагие нест", - тавзеҳ дод ӯ.
Мурофиаи додгоҳӣ дар Суди вилоятии Маскав баргузор хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, 5 моҳ пеш, охирҳои моҳи ноябр хабар дода шуд, ки баррасии парвандаи куштори Ҳувайдо Тиллозада бозистонда шуд.
Ду моҳ интизор мешавем: ҳомии падари Ҳувайдо гуфт, чаро суд баррасии парвандаро бозистонд
Он вақт, ҳомии ҳуқуқи ҷониби ҷабрдида, ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чаро дар парванда таваққуф мекунад.
Ба гуфтаи вай, парванда бояд паз аз ду моҳ аз сар гирифта мешуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, муҳокимаи судие, ки рӯзи 20 ноябр дар Додгоҳи вилоятии Маскав баргузор шуд, дар асоси қарори суди ноҳиявии Сичёвски вилояти Смоленск (шаҳре ки Сёмин дар он табобат мегирифт - шарҳ аз идора) баргузор гардида буд.
Моҳи октябр Суди ноҳиявии Сичёвкси Смоленкс қарор қабул кард, ки Александр Сёмин, гумонбар дар куштори Ҳувайдо аз ҷиҳати равонӣ солим аст ва ба табобат ниёз надорад. То ин замон, Сёмин дар яке аз бемористонҳои табобатии вилояти Смоленск қарор дошт ва ҷониби вай иддао доштанд, ки ӯ бемории равонӣ дорад.
"Аз сабаби он ки моҳи октябри соли равон суди ноҳиявии Сичёвски вилояти Смоленск қарор қабул кард, ки Сёмин ба муолиҷаи тиббӣ эҳтиёҷ надорад, мо ҳамин қарорро асос карда, хоҳиш кардем, ки аз нав тафтишот сар шавад, то тафтишоти пурра равад, аммо имрӯз коре шуд, ки тафтишотро боз то як ду моҳи дигар ақиб бурд", - тавзеҳ дод вай.
Падари Ҳувайдо: аз қотили фарзандам товон талаб мекунам
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, дар рафти баргузории суди вилояти Маскав муайян шудааст, ки ҷониби гумонбаршаванда аз болои қарори додгоҳи ноҳиявии Сичёвски вилояти Смоленск шикоят бурдааст ва суди вилоятӣ қарор додааст, ки суди ноҳиявии Сичёвск қарорашро дубора дида барояд.
"Маҳз бо ҳамин далел, баргузории раванди асосии судӣ бозистонда шуд, то додгоҳи Сичёвск дубора солим будани Александр Сёминро тасдиқ кунад", - афзуд Шавкат Умаров.
Ёдрас мешавем, тафтишоти парвандаи куштори Ҳувайдои 5-сола ду сол боз идома дорад. Ин духтарак тобистони соли 2018 аз назди хона нападид шуд ва рӯзи дигар ҷасадашро дар борхалта пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз Александ Сёмин, ҷавони ҳамсоя ба гумони даст доштан дар ин қазия боздошт шуд.