ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар, дар мулоқот ҳамсуҳбатон мавзӯъҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои минтақавӣ ва таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор карданд.
Таъкид шудааст, ки пас аз анҷоми мулоқот машваратҳои сиёсӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.
Манбаъ зикр кардааст, ки ҷонибҳо бо ибрози рағбати мутақобил ба тавсеаи муҳтавои муносибатҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Венгрия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳитизистӣ, сайёҳӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ, изҳори ният карданд, ки 30-солагии муносибатҳои дипломатиро дар соли 2022 ҷашн гиранд ва ба ин муносибат ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор намоянд.
Дар интиҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористонро барои солҳои 2022-2024 имзо карданд.