Сомон дар финали мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек: як қадами дигар то қаҳрамонӣ

Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба даври финалии қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусдар Бишкек роҳ ёфт.
Дар ин бора клуби “Ҳоҷӣ Шариф”, ки Сомон дар он тамрин мекунад, хабар додааст.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар пойтахти Қирғизистон идома дорад, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило рақобат мекунад.
Дар марҳалаи ниҳоии мусобиқа ҳамакнун паҳлавони тоҷик барои медали тилло бо Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ имрӯз мубориза мебарад.
Тақвими мусобиқоти ҷудо то бозиҳои олимпӣ нашр шуд: аз Тоҷикистон киҳо мераванд?
Паҳлавони тоҷик то расидан ба даври финалӣ Аҳмад Аяши яманӣ, Муҳаммад Муҳаммадии эронӣ ва Жансай Смагулови қазоқро шикаст дод.
Ҳамзамон дар ин мусобиқа Акмал Муродов пас аз як пирӯзӣ бо ду бохт рӯбарӯ шуд ва Ҳақназар Назаров бошад дар марҳалаи аввал шикаст хӯрд.
Се бонуи тими кишвар низ мусобиқаро бо бохт хотима доданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз се зан ва ҳашт мард дар ин мусобиқа ширкат дорад.
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт
Рақобатҳои Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мансур Раҳмон, Темур Раҳимов ва Хуршед Маҷидов фардо баргшузор хоҳад шуд.
Мусобиқаи мазкур дар Бишкек бо ширкати 195 варзишгар аз 29 кишвар идома дошта, ғолибон имкони да даст овардани холҳои олимпиро доранд.