ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи президент, корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муқаддас Қодирова бунёд ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар корхона бештар аз 15 намуди халтаҳои полиэтилении ҳаҷму андозааш гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ наздики 12 тонна ашёи хом мавриди коркард қарор дода мешавад.
“Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” дар як шабонарӯз ба 175 ҳазор ва дар як моҳ ба 5 миллиону 250 ҳазор дона халтаи полиэтиленӣ баробар аст”,- aфзудааст манбаъ.
Дар корхонаи мазкур ҳамзамон дар як шабонарӯз 11 ҳазор метри тӯлонӣ пардаи полиэтиленӣ барои маводи хӯрока истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулоти полиэтиленӣ қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мегардид, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар корхонаи навбунёд 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона гуфтааст, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаву коргоҳҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда иқтидори содиротии мамлакатро ҳам афзоиш бахшид.
Таҷҳизоти корхона аз Чин ворид карда шуда, халтаҳои полиэтиленӣ бо тарҳу намуди хос истеҳсол карда мешаванд, ки асосан дар бозору марказҳои савдо, мағозаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳо ба таври васеъ истифода мегарданд.
Таъкид шудаааст, ки дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” истеҳсоли плёнка барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан бунёди гармхонаҳо ба роҳ монда мешавад.