Вазорати ҳолатҳои фавқулодда маълумот дар бораи афтидани эҳтимолии метеоритро месанҷад ва ҷои онро дақиқ хоҳад кард.
Шаби 7 апрел дар осмони Бишкек ва минтақаи Чуйро як ашёи номаълум равшан пайдо шуда буд, ки бо суръат сӯи замин ҳаракат мекард.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, баъзе корбарон онро метеорит ҳисоб мекунанд, баъзеи дигар бар онанд, ки ягон дастгоҳи парвозии сунъӣ мебошад - эҳтимолан пораи мушак ё моҳвора.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин ҷирм ба қаламрави Қирғизистон наафтодааст.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар қаламрави минтақаи Чуй, харобӣ ё осебе ба қайд гирифта нашудааст", - гуфтанд дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода.
Ин ниҳод таъкид кард, ки баъдтар маълумоти муфассал хоҳад дод. Метеорит ҷисми физикӣ мебошад, ки массаи санг-металлӣ аз фазои байни сайёраҳо ба замин меафтад.