Медали нуқраи Сомон дар мусобиқаи ҷудои Осиё ва Уқёнус: аз Чангрим Ан шикаст хурд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус медали нуқраро соҳиб гашт.
Паҳлавони тоҷик дар даври финалии мусобиқа барои дарёфти медали тилло бо Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ мубориза бурд, аммо ноком гашт.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар пойтахти Қирғизистон идома дорад, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило рақобат мекард.
Паҳлавони тоҷик то расидан ба даври финалӣ Аҳмад Аяши яманӣ, Муҳаммад Муҳаммадии эронӣ ва Жансай Смагулови қазоқро шикаст дод.
Рақибони паҳлавонҳои тоҷик дар Бишкек маълум шуданд
Ҳамзамон дар ин мусобиқа Акмал Муродов пас аз як пирӯзӣ бо ду бохт рӯбарӯ шуд ва Ҳақназар Назаров бошад дар марҳалаи аввал шикаст хӯрд.
Се бонуи тими кишвар низ мусобиқаро бо бохт хотима доданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз се зан ва ҳашт мард дар ин мусобиқа ширкат дорад.
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт
Рақобатҳои Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мансур Раҳмон, Темур Раҳимов ва Хуршед Маҷидов фардо баргшузор хоҳад шуд.
Мусобиқаи мазкур дар Бишкек бо ширкати 195 варзишгар аз 29 кишвар идома дошта, ғолибон имкони да даст овардани холҳои олимпиро доранд.