Лоиқ ноболиғи 17-соларо корд зад

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 19- сола хабар дод, ки дар кордзании як ноболиғ гумонбар дониста мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати умури дохила иттилоъ додааст, ки ҳодисаи мазкур 5-уми апрели соли равон тақрибан соати 19:00 дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосеъи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми апрели соли равон, писари ноболиғи 17-солаашро “Лоиқ” ном шахс дар назди деҳаашон аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корд 1 маротиба ба қисмати чапи поёни шикамаш задааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Кордзанӣ дар маҳалаи Зарнисор: милитсия ҷавони 21-соларо дастгир кард
ВУД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосеъи ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, тафтишоти ин ҳодиса аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон идома дорад.