ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Бо иҷрои ин тарҳ беш аз 4 ҳазор нафар аз сокинони деҳоти дурдасти вилоятҳои Хатлон ва кӯҳистони Бадахшон аз неъмати барқ баҳраманд хоҳанд шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.
Ян Петер Олтерс, намояндаи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки аксари ин рустоҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ шудаанд ва барқрасонӣ ба онҳо боиси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сохти марокизи дармонӣ ва омӯзишӣ, равнақи фаъолияти бозорчаҳои марзӣ ва иштиғолзоӣ хоҳад шуд.
Вай таъкид кардааст, ки бо ин иқдом заминаи интиқоли барқ ба теъдоде аз рустоҳои Афғонистон низ фароҳам мешавад.
Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳалаи нахусти рушди манотиқи марзии Тоҷикистон маблағи 31 миллиону 700 ҳазор доллар ихтисос дода буд.