ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, мегӯяд, ҷоизаи мазкур бо ҳадафи ёдбуди журналисти ватанпарвар, сухангӯи шаҳрдории Исфара Иқбол Тешаев таъсис ёфта, он ба котибони матбуотии вазорату кумита, раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, ҳамчунин ширкату корхонаҳо, новобаста ба шакли моликияташон дода мешавад.
Ба гуфтаи Атовулло, беҳтарин сухангӯ бо баҳогузории коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тақдим мегардад.
Ҷоиза соле як маротиба ҳангоми таҷлили маъракаи вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан - 3 май ба як нафар супурда мешавад. Ҷоиза ба котибони матбуотие дода мешавад, ки дар давоми як соли охир аз сатҳи ҳамкориаш бо кормандони Воситаҳои ахбори омма қаноатманӣ ҳосил мешавад.
Меъёри дигар дар он мебошад, ки сухангӯй дар мавзӯъҳои муҳимтарини ба миёномада, хоса вақте манфиатҳои миллӣ дар миёнанд, мавқеи расмии идораи худро баён мекунад.
Таъкид шудааст, ки баҳогузорӣ ба фаъолияти котибони матбуотӣ дар натиҷаи назарсанҷиҳои сотсиологӣ – аз тариқи анкета бо роҳбарони Воситаҳои ахбори омма, пурсишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, пешбарии номзадҳо барои дарёфти Ҷоиза як моҳ пеш аз чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан оғоз гардида, дар ин бора МТЖТ тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ эълон пахш мекунад.
Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара буд, 5 апрел дар синни 51 даргузашт.
Иқбол Тешаев, аз сухангӯйҳои фаъолтарини мақомотҳои маҳаллӣ буд, ки номаш дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза дар робита ба шарҳи ин ё он қазия, махсусан дар масоили марзӣ зикр мешуд.