Даргузашти соҳиби зиндонии ширкати "Умед-88"

Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Раҳбари ширкати замоне маъруфи "Умед - 88", ки 28 сол ҳукми зиндон дошт, даргузаштааст.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"- и пойтахт, Раҷабалӣ Одинаев имрӯз фавтидааст.
Ин манбаъ гуфт, ҷасади Одинаев барои бурдан ба зодгоҳаш ноҳияи Мирсаид Али Ҳамадонӣ ба пайвандонаш супорида шуд.

Як ҳафта пеш оварда буданд, ки бо дарди меъда мушкилӣ дошт. Саломатияш беҳтар шуда буд, аммо ду соат қабл якбора ҳолаташ бад шуд ва даргузашт, - афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, қаблан пас аз бад шудани вазъи саломатияш барои табобат ба ин беморхона овардаву ҷарроҳӣ карданд, ик аз дарди меъда ранҷ мекашид
Идомаи фурӯши амволи ширкати Раҷабалӣ Одинаев - “Умед 88”: шарҳи мақомот
Раҷабалӣ Одинаев молики ширкати замоне маъруфи “Умед - 88” буд, ки моҳи октябри соли 2017 боздошт ва дар моҳи сентябри 2018 бо қарори додгоҳ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.
Дар пайи боздошти Одинаев, Идибек Иброҳимов мудири ширкат ҳам барои 22 сол равонаи зиндон шуд. Ба эълони ин ҳукм, мақомот Одинаев ва ҳамкорашро дар он айбдор карданд, ки 171 милион сомонӣ пули сохтмони “НБО Роғун”-ро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Умед - 88” қарз дода буд, бозпас надодааст.
Аммо дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Одинаев иброз намудааст, ки дар сурати раҳо шуданаш аз маҳкама имкон дорад, ин миқдор маблағи зарарро пардохт кунад. Вале Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки расман чунин дархост аз ҷониби Одинаев ворид нашудааст.
Хадамоти иҷро 56 миллион сомониро аз ҳисоби "Умед-88" рӯёнд
"Умед - 88" дар чанд соли пеш аз ширкатҳое шумурда мешуд, ки дар радифи “Газпром”, “Газойл” ва “Фароз”- бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рақобат мекард.
Нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкат қариб дар тамоми манотиқи кишвар амал мекарданд, аммо баъди боздошти раҳбараш мақомот ин нуқтаҳоро ба фурӯш гузоштанд.