ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Ситоди фаврии мубориза бо коронвируси Русия ба суоли рӯзноманигрон дар бораи эҳтимоли эм кардани муҳоҷирони дар ҳудуди кишвар қарордошта аз коронавирус посух доданд.
Кормандони ташкилот таъкид карданд, ки феълан танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд худро аз коронавирус безарар гардонанд.
Дар ҳамин ҳол, Ситоди фаврӣ нагуфтааст, ки оё дар оянда чунин имконият - ваксин задани муҳоҷирон фароҳам оварда мешавад ё не.
"Феълан, дар ҳудуди Федератсияи Русия танҳо шаҳрвандони кишвар ваксин карда мешаванд", - гуфтааст намояндаи ситод.
Ёдрас мешавем, ки охирҳои январ Александр Макаров роҳбари Иттифоқи касабаи таксистҳои Маскав пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон низ ваксин карда шаванд.
Ба гуфтаи вай, муҳоҷир - дар навбати аввал нафарест, ки эм нашудаву метавонад боиси паҳн шудани беморӣ шавад.
Ин иқдоми Макаровро мудири лоиҳаи Бунёди рушди муносибатҳои байналмилалии Маскав Юрий Московский ҷонибдорӣ кардааст.