Маълум шуд, ки кай аввалин зоирон аз Русия ба Макка сафар мекунанд

Мусалмонони Русия рӯзҳои наздик, дар моҳи Рамазон метавонанд ба макони муқаддаси Арабистони Саудӣ сафар кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Русия метавонанд моҳи апрел ба Маккаи Арабистони Саудӣ раванд, менависад РИА Новости.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия Рушан Аббясов, хоҳишмандони сафар ба ҳаҷ хеле зиёданд.
Зоирони тоҷик дар интизори ҳаҷ, аммо он боз мавқуф гузошта шуд
Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки гурӯҳи нахустин аллакай дар моҳи Рамазон ба Макка раванд.
Бояд қайд кард, ки қаблан муовини раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони Қрим Айдер Исмоилов пешниҳод карда буд, ки ваксинзанӣ алайҳи COVID-19 ба феҳрасти қоидаҳои ҳатмии сафар ба Ҳаҷ ворид карда шавад.
Маълум аст, ки арзиши сафар ба Макка (Арабистони Саудӣ) барои мусалмонони Русия барои ҳар як нафар тақрибан аз 3 то 5,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Қаблан Аббясов хабар дода буд, ки арзиши сафари Ҳаҷ дар соли 2021 аз ҳисоби афзоиши андоз аз арзиши иловашуда афзоиш хоҳад ёфт.
Имсол ҳаҷ моҳи июл,  ба 20 -23-уми моҳ рост меояд. Шумораи ҷойҳои сафар маҳуд аст. Пеш аз ҳама он нафароне сафар хоҳанд кард, ки соли гузашта арзиши ҳаҷро пардохтаву бинобар пандемия натавонистанд, раванд. 
Мавсими Ҳаҷ - 2021 баргузор мешавад ё на: посухи Кумитаи дин
Ёдовар мешавем, ки Ҳаҷ яке аз панҷ рукни фарзии ислом аст.
Зиёри ин макони муқаддас барои ҳар як мусалмон як мартиба фарз аст.
Ҳаҷро дар Зулҳиҷҷа ("моҳи ҳаҷ") анҷом додан мумкин аст, аммо вақти адои ҳаҷ бо сабаби тақвими қамарӣ ҳамасола тағир меёбад.
Ҳамчунин мусалмонон метавонанд дар ҳар вақти сол ҳаҷҷи хурд (умра) кунанд.