ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 3 -юми апрел соати 12:30 ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки ин садама бо ширкати ронандаи худрави тамғаи "Опел-Астра", сокини 30 - солаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ - Самарддини Сангмад Ҷаёбизода, рух додааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба сӯи ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М. Вайсови ҳамин ноҳия, ба садама дучор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагарди ноболиғ, Изатуллоева Асмоа Кароматуллоевна, сокини 10 - солаи ҷамоати деҳоти М. Вайсовро пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Изатуллоева А.К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.