ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар назар аст, ки зимни ин сафар Шералӣ Мирзо бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот мекунад.
"Дар ин мулоқот доираи васеи масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, ҳамоҳангӣ ва мубодилаи иттилоот дар муборизаи муштараки зиддитеррористиро баррасӣ мешавад", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ду нафар аз маҳкумони Эрон ва Тоҷикистон мубодила ва яке дигар аз маҳкумони эронӣ, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дастури афви онро содир карда буд, ба кишвар бозгаштанд.