ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон Иқбол Тешаев, мудири дафтари матбуоти шаҳри Исфара субҳи имрӯз даргузашт.
Гуфта мешавад, Иқбол Тешаев як рӯзи ахир дар шӯъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳрӣ бистарӣ будааст.
Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир Тешаев аз бемории ҷигар ранҷ мебурд.
Маросими ҷанозаи марҳум соати 16:00 дар Ворух доир хоҳад шуд.
Иқбол Тешаев, аз сухангӯйҳои фаъолтарини мақомотҳои маҳаллӣ буд, ки номаш дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза дар робита ба шарҳи ин ё он қазия, махсусан дар масоили марзӣ зикр мешуд.
Марҳум 51 сол умр дошта, дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз рӯзноманигорони фаъол дар матбуоти даврӣ буд.