Сенатор Пушков суруди Манижаро “партов” гуфт: тамошобинаш аз 7 млн гузашт - видео

Алексей Пушков, раиси Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иттилоотӣ, дигарбора Манижаро, ки аз Русия барои Eurovision – 2021 пешниҳод шудааст, мавриди интиқод қарор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Сенатори Русия Алексей Пушков дар бораи суруди Манижа барои Eurovision – 2021, ки зери унвони Russian Woman пешниҳод шудааст, изҳороти тунд дод. Ӯ назарашро дар саҳифаи Телеграм баён доштаст.
Намоҳанги Манижа барои Евровидение - 2021 сертамошобинтарин миёни рақибонаш шуд - видео
Интиқоди суруди Манижа дар ҳошияи шарҳи сенатор аз Ярослав Якубчук садо дод, ки дар озмуни кӯдаконаи "Голос" дар Бритониё аз санҷишҳо гузашта, ба финал баромад. Пештар дар Русия ин овозхони ҷавон ба нокомӣ дучор шуда, натавонист ҳатто марҳилаи интихобиро убур намояд ва ҳунарнамоияш ба пахши телевизионӣ роҳ наёфт.
Якубчук дар намоиши Бритониё Nessun dorma – ро аз операи Пуччини "Турандот" иҷро карда, фавран таваҷҷӯҳи мухлисонро ба даст овард. Рэпери амрикоӣ will.i.am мураббии Якубчук интихоб шуд.
Пас аз шарҳи хабар дар бораи Якубчук, Пушков ба суруди Манижа барои Eurovision 2021 гузашт ва онро "партов" номид.
"Ҳамаи ин ғамангез аст. Мисли суруди Манижа, партовест, ки ба таблиғи фаъоли он аллакай оғоз кардаанд ", - қайд кард сенатор.
Вай хотиррасон кард, ки фарҳанги оммавӣ гуногун аст ва таъкид намуд, ки “барои мо нусхаҳоро таҳмил карда истодаанд”.
Ин танқид дар ҳолест, ки теъдоди тамошобинони суруди Russian Woman, аз 7 миллион гузашта, дар сафҳаи  Eurovision пешсаф мебошад.