ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн Конор Макгрегор ва муборизи машҳур Дастин Поре дар бораи рӯзи муборизаи севум ба мувофиқа расиданд, менависад ESPN.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионӣ, ҳарду варзишкор барои мубориза, ки 10-уми июл дар доираи мусобиқаи UFC 264 дар Лас Вегас баргузор мешавад, вомехӯранд.
Рақобати ин ду варзишкор сабқати асосии шом хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, ситораи UFC дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии худ тасдиқ кард, ки бо варзишкори амрикоӣ ба октагон хоҳад баромад.
"Мубориза ба нақша гирифта шудааст! Рӯзи 10-уми июл шумо хоҳед дид, ки Maк кист. Нобуд мекунам", - навиштааст Макгрегор.
Дар ҳамин ҳол, гузориш дода мешавад, ки Дастин ба хотири муборизаи сеюм бо Макгрегор аз сабқати унвонӣ даст кашид. Ин хабарро роҳбари UFC Дана Уайт тасдиқ кард.
"Вай ин муборизаро худаш интихоб кард. Ман фикр мекунам, ки ин қарори зиракона аст. Ин бояд анҷом дода мешуд. Намунаҳои дигари варзишкороне ҳастанд, ки худро дар ҳолати шабеҳ пайдо карда, муборизаи нодурустро интихоб мекарданд. Ва ин иштибоҳи асосии онҳо дар зиндагӣ буд, - гуфт Дана Уайт.
Ёдовар мешавем, ки аввалин рақобати Макгрегор ва Поре ҳанӯз соли 2014 баргузор шуда буд. Он замон ирландӣ рақиби худро дар даври аввал нокаут кард. Ҷанги дуввуми онҳо моҳи январи соли равон баргузор шуд. Ин бор Поре бар рақиби худ бо нокаут пирӯз шуд.
Дастин як сабқати унвониро рад кард, ки мебоист барои камарбанди сабуки мардонро, ки пас аз тарк кардани Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар UFC холӣ буд, биҷангад. Акнун Чарлз Оливейра ва Майкл Чандлер барои унвони чемпионии холишуда мубориза мебаранд. Муқовимати онҳо рӯзи 16 май дар доираи мусобиқаи дар UFC 262 дар Хюстон (ИМА) баргузор мешавад.