Ҷанги шадид дар Дарвоз: Ҷумъа Талбон захмӣ, Мулло Давлат ба ҷои ӯ

Дар пайи як амалиёти густарда дар Дарвози Афғонистон ҳудуди 30 толиб кушта шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар вулусволии Нусай мегӯянд, дар пайи амалиёте, ки субҳи имрӯз бо ширкати урдуи миллӣ, пулиси миллӣ ва нерӯҳои хезиши мардумии ин минтақа шурӯъ шуд, нерӯҳои Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон Русия) ба деҳаи Худгеви дараи Ҷавай, пойгоҳи аслиашон қафо зада шуданд.
Намози ҷумъаи ин ҳафта: Тоҷикистон барои Афғонистон дуо кард
"Дар пайи ин даргириҳо Ҷумъа Талбон, ки раҳбари Толибони Дарвоз маҳсуб мешуд, аз дасту по шадидан захм бардоштааст ва ба ҷойи ӯ Муллодавлат, ки қозии Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон Русия) дар ин минтақа буд, раҳбарии ин гурӯҳро ба зимма гирифтааст",- афзуд манбаъ.
Ин амалиёт пас аз он шурӯъ шуд, ки як гуруҳи тозадами ҳудуди 200- нафараи сарбозони командуи Урдуи миллии Афғонистон ба ин минтақа расиданд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ҳоли ҳозир деҳаи Делвохи Нусай озод шуда нерӯҳои ҳукуматӣ ба самти Хуговат ҳаракат доранд.
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар ин минтақа 250 толиб ҳузур доранд, ки миёнашон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. Бино ба ин манбаъ, ӯ ҳам захмӣ буда, 3 тани дигар дар ҷангҳои қаблӣ кушта шуда буданд.