Баъди Азиззодаю вазири меҳнат, раиси Хуҷанд низ бо соҳибкорону варзишгарон ба Ворух рафт

Баъд аз Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, Фирдавс Шарифзода дуюмин раисе гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо масъулини ҳукумати Хуҷанд ба Ворухи Исфара сафари корӣ анҷом додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Ташрифи Шарифзода ба Ворухи Исфара, ҷамоати наздимарзӣ бо Қирғизистон субҳи имрӯз сурат гирифтааст, хабар медиҳад, котиби матбуотии раиси Хуҷанд.
Ширин Амонзода бо як ҳайати Вазорати меҳнат ба Ворух рафт
Ба иттилои манбаъ раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳайати иборат аз соҳибкорон, варзишгарон, вакилони шаҳрӣ, фаъолони бахшҳои гуногунии хоҷагии халқи шаҳр вориди Ворух шуда, дар канори ҳамватанони хеш гардидаанд.
Гуфта мешавад, шащрдори Хуҷандро Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара истиқбол намуда, ҳайати меҳмононро аз ҷараёни сохтмони иншоотҳое, ки ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад, шинос кардааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар ин сафараш бо фаъолони ҷамоати Ворух мулоқот намуда, дар бораи нақши Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат изҳор намудааст.
Шарифзода, баъд аз Азиззода ва вазири меҳнат ва муҳоҷирати кишвар сеюмин мақомдори баландпояе маҳсуб мешавад, ки ба ҷамоати наздисарҳадии Ворухи Исфара сафари корӣ анҷом додааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта низ Ширин Амонзода бо як ҳайати вижаи Вазорати меҳнат, муҳоҷир ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ин минтақа дидан кард.
Қаблан 28 марти соли ҷорӣ Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки иборат аз кормандони бахшҳои гуногуни ҳукумат, ва соҳибкорону фаъолони ноҳия иборат буд ба Ворух сафар намуда буданд.
Шаҳрдори Хуҷанд бо ҳайате иборат аз соҳибкорону варзишгарон ба Ворух рафт
Азиззода бо раванди амалиёти густурдаи созандаю бунёдкорӣ аз наздик шинос гардида, ҳамчунин бо сокинони деҳоти Исфара мулоқот доир намуд.
“Ворух гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон аст, мастчоҳиëн ҳамеша аз доштани ин гӯшаи диёр ифтихор карда, онро гиромӣ медоранд”, - таъкид намудааст Азиззода ҳини суҳбат бо сокинон.
Тошиев чиро бояд намегуфт? Зарифӣ хатои раиси КДАМ – ро гуфту маслиҳат дод
Дар назар аст, раисиҷумҳури кишвар низ дар доираи як сафари корияш ба шимоли кишвар аз Ворух дидан кунад ва бо мардум мулоқоте низ анҷом диҳад.
Ворух аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон аст, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст.
Пешниҳоди ахири мақомоти Қирғиз барои ивази ин минтақа ба қисме аз қаламрави Бодканди он ҷониб вокунишҳои шадидеро ба бор овард.
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марз байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст.
Посухи Тошиев ба изҳороти Зарифӣ: собиқ вазири тоҷикро ба душманӣ айбдор кардааст
Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.