ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳамсари раисҷумҳури Амрико Ҷилл Байден дар Рӯзи ханда бо кормандони Қасри сафед ва рӯзноманигорон шӯхии аҷиб кард, менависад телевизиони NBC.
Бонуи аввали Амрико, рӯзноманигоронро фиреб кард. Вақте аз Калифорния ба Вашингтон парвоз мекарданд, ӯ худро корманди ширкати ҳавоӣ вонамуд кард.
Дар рафти парвоз ҳамсари президент лисбосҳои меҳмондори ширкатро ба бар намуд.
Ӯ шиму пиҷаки баста ба бар кард ва ҳатто дар либосаш бейҷеро часпонид, ки дар он номашро Жасмин навишта буданд.
Маҳз дар ҳамин қиёфаи ғалатӣ ҳамсари президент ба назди кормандони Қасри сафед ва рӯзноманигорон баромадааст ва ба ҳама яхмос тақсим кардааст.
Баъд аз чанд дақиқа, ҳамасари Байден бидуни мӯйи сохта ба назди ҳамагон баромадаву хитоб кардааст, "Рӯзи ханда муборак!".
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, касе аз онҳо фикр ҳам накарда буд, ки кӣ онҳоро меҳмондорӣ кард, махсусан онҳо интизор набуданд, ки бонуи аввалро дар лиқои меҳмондор бинанд.
Қайд карда мешавад, ки ба ҳамин тарз, Ҷилл Байден на танҳо рӯзноманигорон, балки ёварони худашро фиреб додааст.