Пас аз 4 сол: парвандаи сокини Петербург барои қатли тоҷикистонӣ ба додгоҳ рафт

Дар Санкт-Петербург парвандаи қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки чор сол қабл аз ҷониби як сокини маҳаллӣ кушта шуд, ба додгоҳ рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Додситонии Санкт-Петербург иттиҳоми як сокини маҳаллиро, ки дар куштори чор сол пеш содиршуда, айбдор мешавад, тасдиқ кард.
Аввал сари зани ҳомилаашро гирифту сипас хусурашро кушт: боздошти тоҷик дар Перм - навор
Дар ин бора "Невские новости" бо такя ба дафтари матбуотии раёсат хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки 21 декабри соли 2016 дар хиёбони Обуховская Оборона, дар назди бинои рақами 143 ҷасади як мард ёфт шуда буд.
Дар бадани ӯ захмҳои корд ва буридашудаи қафаси сина ва шикам дида мешуд.
Муҳоҷиреро дар Маскав то мурдан сангсор карданд
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ шахсияти фавтидаро муайян карданд - ӯ шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон буд.
Тибқи тафтишот, айбдоршаванда ҷабрдидаро дар асоси рашк нисбати ҳамхонааш ба ҳалокат расонидааст.
Қайд карда мешавад, ки парвандаи ҷиноятӣ ба муддати тӯлонӣ қатъ карда шуд, зеро полис шахсияти гунаҳгорро муайян карда натавонист.
Муҳоҷирон “скинхед”-ро ҳангоми ба куштор даст заданаш дастгир карда, ба пулис супурданд
Ҳамин тавр пас аз чор соли куштор ҷиноят ба шарофати шаҳодати шахсе дар доираи созишномаи пеш аз суд кушода шуд.
Манбаъ афзудаааст, ки парванда ба суди ноҳияи Невский фиристода мешавад.