Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маҳдудиятҳои нав дар Фаронса: омори охири гирифторӣ ба COVID - 19 дар ҷаҳон

Дар Фаронса дар робита ба паҳншавии вируси корона маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуданду Чили марзашро то охири моҳ баст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт бори дигар аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуд, ки барои механизми ҷаҳонии тақсими ваксина COVAX 10 миллион воя ҷудо кунанд.
Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 224 ҳазору 462 нафар гирифторон ба вируси корона ба қайд гирифта шуданд ва шумори марги шабонарӯзӣ аз ин беморӣ 6 ҳазору 374 нафар баробар шуд.
Заҳролудшави 11 узви як хонавода дар Кӯшониён: се нафар фавтиданд
Аз оғози ҳамагирӣ дар олам 130 миллиону 206 ҳазору 710 нафар олудаи ин вирус шуданд ва 2 миллиону 840 ҳазору 729 нафар ҷон бохтанд, менависад КҲФ.
Донишмандони амрикоӣ таҳқиқ карданд, ки ваксинаи Pfizer/BioNTech зидди штамми африқоиҷанубии КОВИД-19 муассир аст.
Чили марзи худро ба сабаби авҷи нави COVID-19 ва вазъи ногувор дар ин кишвар аз 5 то 30-уми апрел мебандад. Танҳо хориҷиёне, ки ҳақи иқомат дарёфт кардаанд, метавонад ворид шаванд.
Ташхиси COVID-19 дубора пулакӣ шуд: 120 сомонӣ гирифта мешавад
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълон кард, ки дар доираи тадбирҳои нави зиддикоронаӣ кулли мактабҳои кишвар муддати се ҳафта баста мешаванд.
Аз ҳафтаи оянда ҳамаи мактаббачагон ба низоми таҳсили фосилавӣ хоҳанд гузашт.
Дар Лаҳистон шабонарӯзи гузашта 35 ҳодисаи нави сироят ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Миср аз ширкати AstraZeneca 854 400 доза ваксина дарёфт кард.
Дар Украина шумори гирифторон ба коронавирус ва марг бар асари он меафзояд.
Қазоқистон гуфт, ки 33% катҳои муолиҷаи бемориҳои уфунии ин кишвар барои табобати гирифторон ба КОВИД-19 банд шудаанд.
Новобаста аз бад шудани вазъи ҳамагирӣ ҳукуматдорони Қирғизистон намехоҳанд маҳдудятҳое назири соли 2020 дар мубориза бо коронавирус ҷорӣ кунанд.
Эмгирии беш аз 100 миллион нафар дар Чин: ваксинагирӣ бар зидди COVID-19 идома дорад
Наздик ба 44% сокинони Ӯзбекистон ният надоранд худро ба муқобили коронавирус эм кунанд.
Дар ин бора рӯзи якуми апрел чунбиши мардумии "Юксалиш" хабар дод.