ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Насиба Содиқӣ, раиси кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Шарифҷон Ҳакимзода, раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон ва Сурайё Уроқова, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сергей Шкарлет, вазири маорифи Украина дидор карданд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи равобити дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Украина баҳсу баррасӣ шуд.
Вай афзуд, ки дар мулоқот ба сатҳи болои ҳамкорӣ ва мушорикат байни Тоҷикистону Украина дар тамоми арсаҳо ишора шуд.
“Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва шарикии байни Тоҷикистон ва Украина вуҷуд дорад. Ин ҳамкориҳо дар асоси заминаи ҳуқуқӣ ба миён омадаанд ва барои ҳарду ҷониб судманд мебошанд”, - гуфт сухангӯи Маҷлиси намояндагон.
Насиба Содиқӣ раиси кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни мулоқот таъкид доштааст, ки маориф ва илм ҳамеша самти муҳими рушди ҷомеаи ҳамаи кишварҳо мебошанд.
“Аз ин рӯ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар соҳаи маориф ва илм барои ҳарду ҷониб судбахш аст”,- зикр намудааст номбурда.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси тавофуқномаи дуҷонибаи имзошуда байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Украина, ҳудуди 150 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекунанд. Бар асоси ин тавофуқнома Украина солона 20 бурсияи давлатӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисоти омӯзиши олии Украина ихтисос медиҳад.
Ҳамзамон Насиба Содиқӣ, зикр кардааст, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти назарраси Тоҷикистон ба як қатор ихтисосҳо, дар бораи зиёд кардани квотаҳои барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Украина ҷудошуда фикр кардан лозим аст.
“Бо назардошти дастовардҳои бузурги Украина дар рушди соҳаи тиб, зарур мешуморем, ки ҳамкориҳо дар ин самт, аз ҷумла омода намудани кадрҳои тиббӣ, махсусан дар соҳаи фарматсевт, таҷрибаомӯзии онҳо дар муассисаҳои тиббии Украина, таъсиси истеҳсоли муштараки доруҳо дар Тоҷикистон диққати ҷидди дода шавад”, - афзуд Насиба Содиқӣ.
Қайд карда шудааст, ки айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина тамоюли рушди босуръат доранд ва ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.