Заҳролудшави 11 узви як хонавода дар Кӯшониён: се нафар фавтиданд

Заҳролудшавии ин хонавода рӯзи 27 март сурт гирифтааст ва рӯзи гузашта кӯдаки се - сола ҷон бохту имрӯз ду аъзои дигари ин хонавода фавтиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Кӯшониён як оилаи иборат аз 11 нафар пас аз истеъмоли шакароби дар банка маҳкамшуда заҳролуд шуданд, менависад агентии "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар хонаводаи Солиевҳо дар ноҳияи мазкур бегоҳи рӯзи 27 март рух додааст.
Модарашро кушту 6 аъзои хонаводаашро заҳролуд кард: ҳукми Исломов эълон шуд
Манбаъ аз қавли сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти "Заргар" - и ноҳияи мазкур менависад, шаби 27 март, 11 узви ин хонавода, ки сокинони деҳаи "Комсомол" мебошанд, бо дарди шадиди шикам ба қабулгоҳи беморхона интиқол ёфтанд.
"Бо назардошти вазъияти вазнини онҳо, ҳар 11 нафар ба Беморхонаи сироятии вилоятӣ интиқол дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Пизишкон дақиқ намуданд, ки ин хонавода бар асари истеъмоли занбурӯғи сафед заҳролуд шуданд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта як кӯдаки 3 - сола аз ин хонавода фавтид ва ҳамзамон имрӯз, 2 апрел як зан ва як кӯдаки дигар низ ҷон аз даст доданд.
Манбаъ аз қавли пизишкон хабар медиҳад, ки ҳоло вазъи боқимондаи аъзоёни ин хонавода бисёр вазнин арзёбӣ мешавад.
Хабар дода мешавад, ки прокуратураи ноҳияи Кӯшониён ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардааст.