Роҳи баҳри Шимолӣ роҳи асосии масири киштигарди Арктикии Русия мебошад. Он аз дарвозаи Карск то дамоғаи Дежнёв дар Чукотка тӯл мекашад.
Дар бораи роҳҳои алтернативии канали Суэс, ки яке аз муҳимтарин масири тиҷоратии баҳрӣ ба шумор меравад, баъд аз ҳодисаи киштии ғӯлпайкари Ever Given ба миён омад.
Рӯзи 26 март киштӣ дар километри 151-уми канал дар гилу хок дармонда буд ва ин масирро барои чанд рӯз баст. Тибқи ҳисобҳои гуногун, ин басташавии канал ба иқтисодиёти ҷаҳон миллиардҳо доллар зарар овард.
Ёдрас мешавем, ки киштии азими борбаре, ки дар обҳои канали Суэс наздики як ҳафта дармонда буд, пурра рӯи об баргашт ва базудӣ ҳаракат дар обҳои канал барои ҳама киштиҳои дигар барқарор мешавад. Дар изҳороти маъмурияти канали Суэз рӯзи 29-уми март гуфта шуд, ки “Адмирал Усома Раби, сардори раёсати канали Суэс дар бораи азсаргирии ҳаракати киштиҳо дар канали Суэз хабар дод”.
Субҳи душанбе мақомот гуфтанд, ки киштии дармонда Ever Given қисман аз хоку гил раҳо шуд, чун ҳангоми ҳаракат қисмати пеш ё нӯги киштӣ дар гилу хоки бистари канал дармонда буд.
Киштии 400-метраро бо ёрии киштикашҳои дигар ва ҳам аз роҳи тоза кардани бистари он аз хоку гил аз банд раҳо карданд.
Вазни киштӣ 22 ҳазор тонна буда, баробари дар обҳо дармондани он 300 киштии дигарро аз ҳаракат боздошт ва ин исти маҷбурӣ ҳамарӯза 9 миллиард доллар зиёни молӣ эҷод кард.
Оё Роҳи баҳри шимолӣ воқеан метавонад ба як роҳи алтернативии хуби канали Суэс шавад? Бартарии ин роҳи баҳрӣ дар чист? - видеои моро тамошо кунед.