Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд

Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон, рӯзи 31 март дар пайи таркиши мина дар дохили худраваш кушта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сухангӯи полиси вилояти Тахори Афғонистон Халил Асир 31 март иттилоъ додааст, ки Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, нимаи дуюми рӯз кушта шудааст.
Бино ба гузориши манбаъ, ин воқеаи нохуш, тақрибан соати 13.30 дар чорроҳаи дуввуми шаҳри Толуқон рух додааст.
Дили дардманд дар маркази Осиё: мушкилоти хотимаи ҷанг дар Афғонистон
Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, ҳангоми таркиши минаи магнитӣ дар автомашинаи худ кушта шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба шабакаи телевизионии Tolonews.com.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Инчунин Tolonews.com бо истинод ба сухангӯи полиси Балх Одилшоҳ Одил иттилоъ додааст, ки 31 март дар вулусволии Балхи ин вилоят бар асари таркиши мина ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта ва 16 шаҳрванд, аз ҷумла се хизматчии низомӣ маҷрӯҳ шуданд.
Роҳбари "Толибон" мулло Мутеуллоҳ кушта шуд?
Вай афзудааст, ки ин ҳодиса ҳангоми таркиши минаи дар ароба ҷойсозишуда дар маҳаллаи Бандари Кулфат, маркази вулусволии Балх рух дод.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.