ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Прокуратураи ноҳияи Рӯшони ВМКБ, зимни фаъолият ду ҳолати вайронкунии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон"-ро дар ҳудуди ноҳия ошкор намуд, хабар медиҳад котиботи Прокуратураи генералӣ.
Ба иттилои манбаъ, сокини ноҳияи Рӯшон, ҷамоати деҳоти Н.Додихудоев, деҳаи Барӯшон, Ғуломқодирова Назархотун Мавлододови 34-сола, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 -и ноҳияи Рӯшон, Қонуни танзимро нақз кардааст.
Манбаъ мегӯяд, 30 январи соли ҷорӣ бо розигии директори муассисаи таълимии мазкур ва даъвати 45 нафар омӯзгорон дар ошхонаи МТМУ №7-и ноҳияи Рушон бо оростани зиёфат ҷашни зодрӯзашро қайд намудааст.
"Зиёда аз он хуқуқвайронкунанда Ғуломқодирова Н.М ба ҷашни зодрӯзаш сароянда Давлатназаров М.Р-ро даъват намудааст, ки охирин дар ин ҷамъомад хизматрасонӣ намудааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рӯшон нисбати Ғуломқодирова Назархотун Мавлододовна ва Давлатназаров Мамадато Рамхудоевич бо қисми 1 моддаи 481-и КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон, парвандаи хуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд, ки ниҳоят хуқуқвайронкунандагон ҷаримабандӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, дар ин асно, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рӯшони ВМКБ, унвонии мудири шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия баҳри бартарф намудани қонунвайронкуниҳо ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани директори муассисаи таълимӣ ва омӯзгорони дар ҷашни зодрӯз ширкат дошта, ҳуҷҷати эътиноии прокурорӣ ирсол нумуд.
Ёдовар мешавем, бар асоси Қонуни танзим ҷашнгирии зодрӯз амали ихтиёрӣ буда, гузаронидани он танҳо дар доираи оила мутобиқ ба қонуни мазкур сурат мегирад.