Барандаи шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Раъно Насриддинова ҷарроҳӣ шуд

Раъно Насриддинова, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар бемористони шаҳри Панҷакент ҷарроҳӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Музаффар Усмонов, як нозири Идораи маорифи шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Насриддинова дирӯз амалиёти ҷарроҳиро паси сар намуд ва ҳоло саломатии ӯро духтурон муътадил арзёбӣ мекунанд.
“Ҷароҳии Насриддинова сабук аст. Духтурон гуфтанд, ки ӯ бемории курруда (аппендицит) шудааст ва амалиёти тиббӣ хуб анҷом шудааст”, - гуфт Усмонов.
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 мактаби рақами 28 – и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент аст, ки дар моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.
Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт
 Доварони озмун аз якдилона аз ҷамъи иштирокчиён шоҳҷоизаро ба ин хонандаи деҳотӣ аз Панҷакент сазовор донистанд. Барои ин пирӯзаш ба Насриддинова 60 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Раъно Насриддинова баъди комёб шудан ба озмуни китобхонӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон иброз намуда буд, ки шавқи китобхонӣ барояш аз замони кӯдакӣ зуҳур кардааст.
 “Дар як солу ду сол тайёрӣ дидан ба ин ин гуна озмуни бузург кори душвор аст ва ҳар касе, ки мехоҳад дар ин инчунин чорабиниҳо номвар шаваду ҷоиза ба даст орад, бояд меҳру муҳаббати комил ба адабиёт дошта бошад.
Бе заминаи хурдсолӣ ба китобхонӣ ба муваффақият ноил шудан кори душвор аст”, таъкид намуда буд, барандаи “Шоҳҷоиза”.