Собиқ сармуҳосиби бонк: кист марде, ки дар соҳили рӯди Душанбе “худро овехт”?

Марде, ки дар соҳили дарёи Душанбе худро овехт, собиқ сармуҳосиби филиали “Амонатбонк” буда, чанд моҳи қабл барканор шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 март - Sputnik. Марде, ки ҷасадаш субҳи 30 март аз канори рӯди Душанбе дар маҳаллаи Сабзакори кӯчаи Соҳилии пойтахт пайдо карда шуд, Икром Ҷабборзода, собиқ сармуҳосиби филиали бонки давлатии “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов будааст.
Марде дар соҳили дарёи Душанбе худро овехтааст - акс
Муайян гардид, ки марҳум Икром Ҷабборзода, сокини 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад, ки чанд моҳи қабл аз мақоми сармуҳосиби филиали  “Амонатбонк” барканор шудааст.  
“Икром Ҷабборзода шаш моҳи қабл аз кор дар филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барканор шуда буд”, - изҳор дошт як манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Ҳодисаи мазкур, ки чӣ гуна марде аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Душанбе омадаасту даст ба худкушӣ задааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадсу шубҳаҳоро ба вуҷуд овардаасту шиносҳояшро низ ҳайратзада кардааст.
Бархе аз манобеъ мегӯянд, Ҷабборзода чанд вақти охир барои харидории як бино аз тариқи музояда азм дошт, вале кораш аз дасти баъзе миёнравҳо ба мушкил печида буду "дар ниҳоят бино ва пули харҷкардаашро гирифта натавонист".
Мақомот то ҳол расман ин қазияро шарҳ надодаанд, танҳо таъкид мекунанд, ки феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад.
Ҷанозаи Ҷабборзода, қабл аз зуҳри имрӯз дар ноҳияи Ҷ. Расулов ба хок супурда шуд.