ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Дар чойхонаи "Сирдарё"-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни "Кадбонуи беҳтарин" бо иштироки кадбонуҳо аз 16 маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид, хабар дод котиботи раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонувон, занони соҳибзавқ, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, завқи дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ доир шуд.
Котиботи раиси вилояти Суғд афзуд, бо баҳогузории аъзои ҳакамон ғолибони озмун муайян карда шуда, ҷойи аввалро кадбону аз маҳаллаи "Тути калон" Шаҳноза Зокирова ишғол кард.
"Ҷойи дуюмро кадбону аз маҳаллаи "Сари баландӣ" Муборак Эргашова ва ҷойи сеюмро кадбону аз маҳаллаи "Содирхон Ҳофиз" Бароат Ӯрунова соҳиб гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид кард, ки ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва ба иштирокчиёни озмун сипосномаҳо супорида шуд.
Котиботи раиси Суғд илова намуд, ки даври вилоятии озмуни мазкур 31 март баргузор хоҳад, ки дар он ғолибони даври аввал ширкат меварзанд.