ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд, хабар дод ВУД.
Ба иттилои манбаъ, зани дастгиршуда 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа, бинобар муноқишаи оилавии ба миён омада, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳараш, марди 79-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро якчанд маротиба бо бел ва каланд ба узвҳои баданаш задааст.
"Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №130 аз 30-юми марти соли равон ҷароҳати бардоштаи номбурда зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид кард, ки алайҳи зани гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.